Мутобиқ ба нақшаи тасдиқгардида мулоқотҳои аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ёва ташкилу баргузор карда шуданд. Ҷамъомадҳо дар маҷлисгоҳи Ҷамоат, чойхонаи деҳаи Меҳроварон, кумитаи маҳаллаи ба номи Раҳимҷон Муллобоев баргузор карда шуданд.
Зимни баргузории мулоқотҳо бо мардуми ҷамъомада доири масъалаҳои зиёд ба ҷайд гирифта шудани бекоршавии ақди никоҳ, тадбирҷӯӣ нисбати пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавӣ ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ҷиноятсодиркунӣ, монеаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа суҳбати озоду ошкоро доир карда шуд.