Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд санаи 06.08.2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ситоди омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ташкилу баргузор гардид.

 

 

Кори ҷаласа таҳти раёсати раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода доир карда шуд. Дар оғоз гузориши мухтасари раиси Комиссияи ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фирдавс Абдуллозода шунида шуд. Зикр карда шуд, ки бо хулосабардорӣ аз камбудиҳои даъвати баҳоронаи соли 2019 корҳои омодагӣ ба даъвати тирмоҳӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ шуда, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бомаром ҷараён доранд.

Раиси комиссияи даъватии вилояти Суғд Баҳодурзода Б. аз рафти иҷрои супориши протоколи ҷаласаи вилоятии ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳории соли 2019 (аз 16.07.2019) пурсон шуда, аз фаъолияти масъулони ноҳиявӣ изҳори нигаронӣ кард. Кормандони комиссариати ҳарбӣ, комиссияи тиббӣ, раисони ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳияро вазифадор намуд, ки баҳри омодагии ҳамаҷониба ва пеш аз муҳлат иҷро кардани нақшаҳои гузошташуда тадбирҳои заруриро дар амал татбиқ намоянд.

Дар охир раиси ноҳия Зариф Назирӣ низ баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои баёншуда, масъулони дахлдорро вазифагузорӣ намуда, кори ситодро ҷамъбаст намуд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз99
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта733
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3839
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3927
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7766
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта21671
mod_vvisit_counterҲамагӣ205987