vtem newsroll

Оғози фаъолияти ярмаркаи фурӯши лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ

Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таъминоти фарзандон бо либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш ҳамасола дар арафаи истиқболи соли нави таҳсил т...
vtem newsroll

Қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  аз 23.07.2019, №433 Дар бораи гузаронидани озмуни «Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷик...
vtem newsroll

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям. ...
vtem newsroll

Таҷлили Рӯзи варзишгарон

Санаи 09.08.2019 дар толори Қасри фарҳанги маркази ноҳия чорабинии умуминоҳиявӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор гардид.

Аъзои ТТЭ ҲНИ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз резахӯрони дастархони Кабирӣ аст, мақолаи навбатии иғвоангезонаеро зери унвони "Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад" нашр кардааст, ки мисли одати пешина пур аз туҳмату буҳтон мебошад.

Албатта мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаи пур кардани буҷа дар ҳар кишваре мавҷуд аст. Аз он ҳангома сохтану мардумро ба гумроҳӣ бурдан амали нохалафону душманон мебошад. Имрӯз вазъияти иқтисодии Тоҷикистон хуб аст, ягон сабаби воҳима кардану мардумро ба таҳлука андохтанро мо намебинем. ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла пур кардани буҷа пеш мебарад. М.Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш метавонанд дар ин хусус беташвиш бошанд. Беҳтараш дар ғами худ бошанд, зеро дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон доимӣ нест ва дер ё зуд дастгир мешаванд ва барои ҷиноятҳои содир кардаашон бояд ҷавоб гӯянд. Вазъиятро дурусттар дарк кардан даркор аст. Яъне миллат дар вартаи нобудӣ нест (муаллифи наҳзатӣ чунин навиштааст), ин наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд.

Муаллифи мақола ҷор мезанад, ки гӯё фаъолони ҷомеа ва кадом тоҷирони муваффақе зиндонӣ шудаанд ва ё аз кишвар фирор кардаанд. Вале фаъолони ҷомеа гуфта киро дар назар дорад? Наҳзатиҳоро? Охир, агар наҳзатиҳо баъди тамоми авфу бахшиданҳо ва бархурдор будан аз имкониятҳои сиёсию иқтисодӣ ва моддии кишварамон боз даст ба ҷинояткорӣ ва ҳатто террору табаддулоти давлатӣ зананд, онҳоро зиндон накунанд? Наҳзатиҳое ки фирор кардаанд, танҳо ба хотири гурехтан аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ба кишварҳои дигар гурехтаанд. Ягон нафари онҳо фаъоли ҷомеа набуд ва ғами мардумро ҳам намехӯрд. Мардум амалҳои бедодгарию ваҳшонияти наҳзатиҳоро бо чашми худ дидааст.

Ё агар соҳибкоре зимни фаъолияташ ба қонуншиканӣ роҳ дода бошад, ӯро ба ҷавобгарӣ накашанд? Таъмини амнияту тартибот, ҳифзи моликияти давлатӣ ва дороии мардум вазифаи сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ мебошад. Табиист, ки онҳо ин вазифаҳои худро иҷро кардаанд.

Тоҷикистон дар замони истиқлолият ва хусусан дар солҳои охир, ки хатари мавҷудияти ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар аз байн бурда шуд, тадриҷан рушд кардааст. Пешравиро мо имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар мушоҳида мекунем. Иншоотҳои саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои соҳаҳои илму маориф, тандурустию фароғатӣ дар пеши назари сокинони кишварамон бунёд меёбанд. Танҳо кӯрдиле мисли наҳзатиҳо чунин ободкорию пешравиро намебинад.

Парвизи Мирзо,

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз58
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта530
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта58
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7149
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17002
mod_vvisit_counterҲамагӣ140161