vtem newsroll

Оғози фаъолияти ярмаркаи фурӯши лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ

Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таъминоти фарзандон бо либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш ҳамасола дар арафаи истиқболи соли нави таҳсил т...
vtem newsroll

Қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  аз 23.07.2019, №433 Дар бораи гузаронидани озмуни «Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷик...
vtem newsroll

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям. ...
vtem newsroll

Таҷлили Рӯзи варзишгарон

Санаи 09.08.2019 дар толори Қасри фарҳанги маркази ноҳия чорабинии умуминоҳиявӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор гардид.

Солҳои охир мушкилоте, ки тамоми ҷаҳони муосирро ба изтироб овардааст, ин хатари терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб мебошад. Имрӯзҳо ҳамаи мо тариқи васоити ахбори омма, интернет ва дигар моҳвораҳо огоҳӣ аз он дорем, ки ҷаҳони имрӯза ноором аст. Дар даҳсолаи охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротгароӣ дошта дар тамоми мамолики дунё торафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои ҳар як мамлакат хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо низ таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи мамлакат мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

 

Маъмулан имрӯзҳо дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро "экстремизм", тундравиро "радикализм" ва даҳшат-афканиро "терроризм" мегӯянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.

Террористон ҳанӯз аз замонҳои қадим барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ талош варзида, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини мубориза ба шумор меравад. Калимаи "террор" маънои "тарс", "воҳима" ва "даҳшат"-ро дорад. Онҳо бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ менамоянд. Маҳз созмон-ҳои экстремистӣ бавуҷудоварандаи терроризманд.

Экстремистон барои ба даст овардани мақсаду мароми хеш аз амалҳои террористӣ истифода мебаранд. Амалҳои террористӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешаванд. Аз амалҳои террористӣ бештар одамони бегуноҳ қурбон мегарданд. Маҳз ҳамин гуна гурӯҳҳои тундрав мебошад, ки барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳоро халалдор сохта, ба вартаи бҳҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳад.

Нигоҳи ифротгароӣ хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ягон мамлакат онро эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад. Аз таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм маълум шуд, ки он падидаи манфии сиёсӣ буда, ҷаҳони имрҳзаро аз худ нигарон намудааст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандҳсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерҳи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурҳҳҳои манфиатҷҳ худдорӣ намоянд, ҳамеша баҳри ҳифзи истиқлолият ва Ватани худ талош варзанд, зеро ояндаи ҳар як кишварро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ташкил медиҳад.

Саидфаррух БАҲОВАДДИНОВ,

донишҷӯи соли дуюми факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз78
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта530
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта78
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7169
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17002
mod_vvisit_counterҲамагӣ140181