Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳунармандон тақдим карда шуд.
Ба шарофати эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо ба оламиён хамчун...Мулоқоти Раиси ноҳия бо сокинони деҳоти Унҷӣ
Тибқи нақшаи Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда санаи 16.02.2...Маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баргузор гардид.
Санаи 17.02.2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати но...Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ"
Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Озмун аз рӯи чор бахш: муйбофии ...
Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
9 сентиябри соли 1975 дар ноҳияи Бобочон Ғафуров таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1994 барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1998 бо муваффақият хатм намудааст.
Абдуллозода Фаррух Орифӣ фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 ба ҳайси колхозчии оддии ба номи С. Ӯрунхӯҷаев оғоз кардааст. Солҳои 1996 – 1998 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ намудааст. Аз соли 2000-ум то соли 2003 дар вазифаи ёрдамчии баҳисобгирии минтақаи Унҷӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то соли 2006 ба ҳайси мудири анбори хоҷагии деҳқонии ба номи С. Ӯруехӯҷае адои вазифа намудааст. солҳои 2006-2008 дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи назорати ҶСК-и ба номи С.Урунхӯҷаев кор ва фаъолият намудааст. аз соли 2008 то соли 2010 аъзои комиссиияи тафтишотии ҶСК ба номи С.Урунхӯҷаев фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Аз оғози соли 2010 то соли 2014дар вазифаи Сариҷоракори бригадаи иҷоравии №1-и ҶСК-и ба номи С.Ӯрунхоҷаев Ҳамчунин аз моҳи майи соли 2013 то моҳи марти соли 2014 дар вазифаи муовини раиси Раёсати ҶСК ба номи С.Урунхӯҷаев фаъолият намудааст. Аз 5 марти соли 2014 то 10 майи соли 2014 ба ҳайси раиси ҷамоати деҳоти Унҷӣ адои вазифа намудааст. Аз моҳи майи соли 2014 то моҳи марти соли 2016 дар вазифаи Сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст.
Аз моҳи марти соли 2016 то ҳол вазифаи муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба зимма дорад.