vtem newsroll

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 19.04.2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии ноҳия баргузор гардид. Ба баррасии рӯзномаи Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳои ...
vtem newsroll

Баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ

«Рушди деҳот – омили муҳими пешравии ҷомеа» - чунин ном дошт мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки санаи 18 апрел дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ва ҷамоатҳои ша...
vtem newsroll

Машварати кишоварзон дар Овчиқалъача

Санаи 17 апрел дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача машварати сайёри кишоварзон бо иштироки васеи масъулони соҳа ташкилу баргузор карда шуд. Да...
vtem newsroll

«Корвони саломатӣ» дар деҳаи Пилол

Санаи 12.04.2019 «Корвони саломатӣ» дар деҳаи Пилоли Ҷамоати деҳоти Исмоил баргузор карда шуд. Дар ин рӯз дар деҳаи мазкур хонаи саломатӣ мавриди ба...

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тибии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои таъмиру азнавсозӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён доранд.

Санаи 4 феврали соли 2019 баъди аз таъмири хушсифат бароварда шудани шуъбаи ҷарроҳии бачагонаи Беморхонаи марказии ноҳия маросими қабули корҳои таъмирӣ ва навсозиҳои шуъбаи мазкур бо иштироки роҳбарияти беморхона ва мутахассисони Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир карда шуд.

Чуноне, ки мудири шўъбаи ҷарроҳии бачагонаи Беморхонаи марказии ноҳия Аббос Асадуллоев иттилоъ дод, шуъбаи мазкур аз моҳи августи соли 2000-ум ба фаъолият шурўъ намуда, дорои 22 кати бистарӣ мебошад. Барои корҳои таъмирӣ ва азнавсозӣ 333556 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст.

Дар шуъба 4 нафар духтур, 7 нафар ҳамшираи тиб ва 8 нафар кормандони хурди тиб фаъолият менамоянд. Шуъба аз 8 ҳуҷра: ҳуҷраи духтурон, ошхона, ҷойи либосивазкунии кормандон, ҳуҷраи сарҳамшира, ҳуҷраи муоинаи беморон, инфиродхона, ҳуҷраи нигоҳдории хлор, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи захмбандии тоза ва фасодӣ, ҳаммом, ҳуҷраи хоҷагӣ, мабразхона иборат мебошад.

Амалиёти ҷарроҳӣ дар толори ҷарроҳии блоки ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд, ки бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Ҳамасола дар шуъба зиёда аз 400 амалиёти ҷароҳии беморон бо ташхисҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар шуъба ҷарроҳии реконструктивӣ барои бемориҳои роҳи пешоб, тармимгузаронии пўст ба беморони сўхта, ҷароҳиҳои калонҳаҷм ба узвҳои ковокии шикам ва қафаси сина, ҷарроҳиҳо ба кўдакони дорои нуқсонҳои модарзодии узвҳои ҳозимадошта ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Кормандони шуъба аз шароитҳои нави корӣ илҳоми тоза гирифта, тасмим гирифтаанд, ки намудҳои нави ҷарроҳиҳоро ҷорӣ намоянд.

 

Парвиз Халифаёр

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз120
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта473
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1014
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2808
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10085
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта10412
mod_vvisit_counterҲамагӣ91323