vtem newsroll

Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳунармандон тақдим карда шуд.

  Ба шарофати эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо ба оламиён хамчун...
vtem newsroll

Мулоқоти Раиси ноҳия бо сокинони деҳоти Унҷӣ

  Тибқи нақшаи Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда санаи 16.02.2...
vtem newsroll

Маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баргузор гардид.

  Санаи 17.02.2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати но...
vtem newsroll

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ"

  Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Озмун аз рӯи чор бахш: муйбофии ...

 

Ба шарофати эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо ба оламиён хамчун миллати куханбунёд муаррифӣ шуда истодааст.
Дар доираи татбиқи амалии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар заминаи ташаббусҳову супоришоти Раиси вилояти Суғд дар ин самт, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ санаи 19 феврали соли 2021 ба 22 нафар ҳунармандони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.
Дар маросими тантанавии супоридани грнати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои беҳтарин ҳунармандон, ки дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов баргузор гардид, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ярмаркаи ҷойҳои нави кор ташкил карда шуда буд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек аз намоиши ҳунармандӣ ва фаъолияти ярмаркаи ҷойҳои холии кор боздид ба амал оварда, бо ҳунармандони ноҳия мулоқоти озоду самимӣ баргузор намуд. Бо маҳсули меҳнати ҳар як ҳунарманди дар намоиш иштирокдошта аз наздик шинос гардида, ҷиҳати ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани теъдоди шогирдон, ҳалли муаммаоҳои ҷойдоштаи ҳунармандон дастуру тавсияҳо баён намуд. Ҳамчунин зимни суханронӣ қайд намуд, ки масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои дар маркази ноҳия таъсис додани намоишгоҳи доимӣ фаъолияткунанда ва фурӯшгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои дастии ҳунармандон тадбирҷӯӣ намоянд.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шаванд. Вобаста ба ин дар литсейи касбӣ-техникии ноҳия Маркази ҳунармандии миллии муосир таъсис дода шудааст, ки дар он минбаъд аз рӯи усули «Устоду шогирд» ҳунармандони касбӣ тайёр карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бо ҷои корӣ таъмин кардани бонувон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия 16 марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо занону духтарони хонашин ба омӯзиш ҷалб карда мешаванд. Мувофиқи маълумотҳо дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 50 намуди ҳунарҳои мардумӣ ҷой дошта, зиёда аз 7 ҳазор нафар бо ҳунармандӣ машғул ҳастанд.
Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани ҳунармандон, занону духтарон ва рушди ҳунарҳои дастӣ ва дар баробари Гранти Раиси вилоят соли равон Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шуд, ки он 20000 сомониро дар бар мегирад. Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси ноҳия ба 22 нафар ҳунармандоне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва фестивалу озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок доштанд, Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри дастгирии ҳунармандон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз иқдоми неки Пешвои муаззами миллат дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ бархурдор бошанд.

 

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Зафарбек Давлатзода Зафарбек Давлатзода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд 5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар в...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд 5 феврал дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисит...

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз138
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта537
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта675
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5049
mod_vvisit_counterҲамин моҳ138
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта25607
mod_vvisit_counterҲамагӣ571872