vtem newsroll

Коронавирус хатар ё Кабирӣ?

Ман як тоҷики мусофир, дур аз ватанам. Умедворам, ки ин номаи маро бетаҳрир чоп мекунед. Агар чоп накунед, шумо ҳам мисли Кабирӣ хиёнаткоред. Имшаб  ...
vtem newsroll

ФИЛМИ "ХИЁНАТ" ҚИСМИ 4.

Наворо инҷо бубинед: https://youtu.be/xlGogols01M

vtem newsroll

Tajikistan and Afghanistan Strengthen Security Cooperation

DUSHANBE, 11.09.2020. (NIAT Khovar) – Tajikistan’s State Committee for National Security’s delegation headed by the Committee Chairman Saymumin Yatimo...
vtem newsroll

Таджикистан и Афганистан укрепляют сотрудничество в сфере безопасности

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /НИАТ «Ховар»/. 09-11 сентября текущего года состоялся рабочий визит делегации Государственного комитета национальной безопасности...

Назаров Қ.:  Тоҷикистон бояд ба суди байналмилали

муроҷиат кунад

Мақолаи таҳлилии сиёсатшинос, директори Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Назар Муъминро, ки 29-уми ноябри соли ҷори, зери сарлавҳаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд» дар сомонаи интернетии Centrasia.org нашр шуд, вокуниши зведе барангехт. Муаллиф дар бораи тазоҳуроти мардуми, боздошт ва куштори иштирокчиёни он дар қаламрави ҶИЭ, инчунин даъвоҳои мақомоти Эрон аз ИМА ва таҳдиди онҳо оиди муроҷиат ба Суди байналмиллали навишта, дар ин ҳошия аз ҷинояткориҳои ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломи» ёдрас мегардад. Н.Муъмин бар он аст, ки тамоми ин ҷиноятҳо бо дастгирии бевоситаи хадамоти махсуси ҶИЭ тарҳрезию амали гардиданд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳамаи инро таҳаммул кардаву хомўширо авлотар донистанд. Ҳол он ки онҳо бояд кайҳо ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат мекарданд. Аз миёни маводи зиёде, ки ба редаксия ворид гардидаанд, мо навиштаи полковники мустаъфии ВКД ҶТ Назаров Қурбоналиро барои нашр интихоб кардем ва пешкаши хонандагон мегардонем.

Дар бойгониҳои Суди Олии ҶТ садҳо ҷилд парвандаҳои ҷиноятии амалишуда маҳфузанд, ки гуноҳи ТТЭ ҲНИ ва дастдории хадамоти махсуси Эронро дар содир кардани онҳо пурра исбот кардаанд. Даҳҳо актҳои террористи ба муқобили хизматчиёни ҳарби, намояндагони аҳли зиё, пайравони динҳои дигар, кормандони мақомоти давлати, ходимони ҷамъияти, шаҳрвандони хориҷи ва сокинони маҳалли аз ҷониби ин хадамот тарҳрези шуда, тавассути террористони наҳзати амали гардиданд. Маҳз ҳамин далелҳои раднопазир буданд, ки 29 сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти террористи эълон гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Ҳамон вақт мақомоти марбутаи Тоҷикистон бояд бидуни истиҳола, назокати муносибати бародари ва дипломатиро бо ҶИЭ канор гузошта, ба суди байналмилали муроҷиат мекарданд. Он гоҳ, шояд имрўз аз дастгирии ТТЭ ҲНИ ба пурраги даст мекашиданд ва баҳри бегуноҳ нишон додани ин ташкилоти террористи пофишориҳо намекарданд. Илова бар ин, тахайюли барқарор сохтани эъмори ҷомеаи исломиро дар Тоҷикистони дуняви аз шуурҳояшон пок мекарданд.

Ман сиёсатмадор нестам. Намехоҳам дар бораи тарафҳои сиёсии масъалаҳои баҳси гап занам. Вале ҳамчун шахси аз тамоми ҷузъиёти ҳодисаю воқеаҳои он замон бохабар, шахсе, ки он солҳои пурдаҳшат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доштааст ва шоҳиди хамаи ин ходисаҳо мебошад, метавонам даҳҳо факту далелҳоеро манзур намоям, ки дар бойгониам дорам ва ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои касби, таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии бо амалҳои террористи вобаста бароям маълум шудаанд. Ҳозирам, ки дар баробари чунин шахсияти ҷасуру нотарс – Муъмин Назар ҳамчун шоҳид дар Суди байналмилалӣ иштирок кунам.

Ҳама медонанд, ки баъди аз байн рафтани давлати бузурги Шўрави, кишварҳои абарқудрат ба тақсимоти нави ҷаҳон ва зери таъсир гирифтани давлатҳои хурдтар шурўъ карданд. Дар ин давра, зиёиёни мо масъалаҳои худшиносии милли ва баландбардории мақоми забони тоҷикиро ба майдонҳои баҳсу мунозира табдил дода буданд.  Ин лаҳза барои Ҷумҳурии Исломии Эрон,  ки ҷаҳду талош дорад то худро ҳамчун қудрати минтақави нишон диҳад, хеле мусоид омад ва бо истифода аз шиорҳои «ҳамзабонию ҳамдили» вориди Ватани мо гашт. Аз як тараф алоҳида намояндагони қишри зиёи ба Эрон бурда мешуданду аз тарафи дигар рўҳониҳо, хусусан роҳбарони ҳизби навтаъсиси наҳзати исломи зери таъсири идеологияи бо ном «инқилоби исломи» гирифта мешуданд. Дар ҳамон майдонҳое, ки буданд, оҳиста-оҳиста масъалаи забону фарҳанг фаромўш шуду ҷояшро  сухан аз дину имон дар алоқаманди бо сохти давлатдории исломи гирифт. Майдонҳоро ришу ҷелак зер кард. Эшони Қиёмиддину мулло Абдуѓаффор баринҳо шиорҳои эрони сар медоданду ҷавонони раҳгум аз пушташон қадам мезаданд. Сипас, майдонтақсимшавиҳо буду ҷангу бародаркуши ва ѓайра. Ҳамаи ин дар пеши чашми мардум мегузашт.

Баъди ҳодисаҳои маълуми онрўза сарварони ҲНИ ва аҳли авлоди онҳо ҳама дар шаҳри Теҳрон паноҳгоҳ ёфтанд. Ягон намояндаи калидии ин ташкилот дар кўча намонд. Азобу уқубат дар сари онҳое буд, ки гуреза шуданд ва бо аҳлу аёлашон даруни хаймаю чоҳҳои  сарди хокию лойолуд дар  ҳудуди Афѓонистон зиндаги мекарданд.

Тавре аснои таҳқиқи парвандаҳо ва пурсиши ҷинояткорон шахсан ба ману ҳамкоронам маълум гашт, ки маҳз дар ҳамин давра бори дигар дар байни ҷавонону гурезаҳои камсаводу сустирода роҳбарону таблиѓгарони ҲНИ ба тарѓиботи идеологияи ифроти пардохта, қисмате аз онҳоро барои таҳсил ба ҳар гуна таълимгоҳҳои шубҳанок, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурданд.

Ҳамзамон, дар ҳамон рўзҳо гурўҳи дигар зери роҳбарии корманди Сафорати ҶИЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Али Ризо Чеҳраолам (соли таваллудаш 1961, зодаи шаҳри Шерози ҶИЭ) дар худи Тоҷикистон  алоҳида ҷавонони тоҷикро интихоб, ҷалб ва бо баҳонаи таҳсил ба қаламрави Эрон интиқол медод.

Он чизе ин ҷо ман менависам, аз касе нашунидаам. Худам шахсан дар таҳқиқи ин ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, аз оѓоз то анҷом ширкат кардаам. Чи хеле ки мегўянд, шоҳиди зинда ҳастам. Инҳо  ҳақиқате ҳастанд, ки ҳангоми коркарду таҳқиқи парвандаҳои бо амалҳои террористи алоқаманд бароям маълум шудааст. Чуноне, ки зимни ошкор намудан ва бозпурсии ашхоси дар кушторҳои рўзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур ва Отахон Латифи, ҳуқуқшиноси шинохта Сафарали Кенҷаев, Раиси  ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов)-и вилояти Суѓд Бегиҷонов С., хабарнигори ОРТ В.Никулин, журналистон Хушбахт Ҳайдаршо, Давлатали Раҳмонали, хизматчиёни ҳарбии Россия, роҳбари равияи динии «Баҳовия» Абдуллои Муқарраби (зодаи Эрону шаҳрванди Британияи Кабир), таркиши маркази масеҳии «Сонмин» даст дошта, инчунин нишондодҳои дастгиршудагон бароямон маълум шуд, ҳамаи аъзоёни ин гурўҳҳои террористи дар шаҳрҳои Қум, Машҳад, Ардабил, Караҷ ва остони Мозандарони ҶИЭ омодагии ҳарбию ҷангиро гирифтаанд.

Ҷангиёни наҳзатиро дар се давра (солҳои 1993 – 1994, 1994 – 1996, 1996 – 1998, дар ҳар даврае аз 80 то 100 нафари) ҳамчун таблиѓотчи (пропагандист), муайянкунанда (установщик), назораткунанда (наблюдатель), таҳиякунандаи воситаҳои тарканда ва нобудкунанда (киллер) омода намудаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба тайёр кардани ҷалбкунандагон (вербовшикҳо) равона мешуд. Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломи, бо ҳазор зиракиву айёри интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чи тавр як мусулмони раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд. Қабл аз бурдан ба марказҳои террористи, ба ҳар як нафар лақаб ва асноди қалбаки дода мешуд, то нисбати шахсияти якдигар маълумот надошта бошанд. Баъдан онҳоро ба ҳалқаҳо ҷудо намуда, як нафарро сардори он таъйин мекарданд ва тавассути ў ҳалқа идора мешуду дастуру супориш мегирифт. Баъди гузаштани давраи омодагии ҷанги-диверсиони барои иҷро намудани амалиёти тарҳрезишуда ба Тоҷикистон фиристода мешуданд. Вобаста аз масири ҳаракат, аз 800 то 2000 доллари ИМА роҳпули мегирифтанд.

Олимов М.С.

Тавре таъкид кардам, ҳангоми таҳқиқи ҳар як парванда маълумоти наверо дар вобастаги бо ин гурўҳҳои диверсиони-террористи дастрас мекардем, ки мисли занҷираи пайвастаи ҳам буданд. Бо ҳамин восита мо чандин панҷгона, аз ҷумла ҳалқаҳо зери роҳбарии Назиров А.Ҳ. – лақабаш «Шокир», Атовуллоев М.Р. – «Нусрат», Олимов М.С. – «Муҳсин», Тошев Н.М. – «Саҷҷод», Норкалаев М.Н. – «Хуршед», Ниёзбоқиев Ё. – «Алиакбар», Рустамов Н.А. – «Муртазо», Толибов З.Х. – «Фирўз», Манонов Ш.Ш. – «Асадулло», Комилов Ф.И. – «Фаттоҳ» ва ѓайраро муайяну дастгир кардем.

Тошов Н.М.

Миёни онҳо шояд чанд нафаре ҳам бошанд, ки  то имрўз аз ҷавобгари гурехтаанд, лекин ҳеҷ ҷиноят пинҳон намемонад. Чи хеле ки омилони куштори Сафарали Кенҷаев ва хизматчиёни ҳарбии Россия чандин сол баъд ошкору дастгир карда шуданд. Аз гурўҳи ҷиноятии зикргардида, мо беш аз 100 нафарашонро барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин боздошт карда ба ҷавобгарии ҷинояти кашидем. 21 нафарашон бо ҷурми хиёнат ба Ватан ба муддати ҳадди аксар аз озоди маҳрум карда шуданд.

Ҳангоми таҳқиқу коркарди парвандаҳо далели дигаре низ бароямон ошкор шуд. Аксари аъзоёни ҳалқаҳо, баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва таъсиси баталёни 25-ум дар сохтори Вазорати мудофиаи ҶТ, ки командири он Абдуҳалим Назарзода таъйин шуда буд, ба сафи хизматчиёни ҳарби ворид карда шуданд. Тибқи баёноти боздоштшудагон Холиқов Х., Миров Т., Зоиров А. ва ѓайра як қисми онҳо бо даъвати бевоситаи А. Назарзода аз Федератсия Россия ба Тоҷикистон баргаштанд ва ба ин воҳиди низоми дохил карда шуданд.

Ҳамчунин, аз рўи нишондодҳои Манонов Ш., Олимов М., Рустамов Н. ва Атовуллоев М., худи Назарзода ва сардорони ҳалқаҳо мунтазам дар утоқҳои махсуси Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар ҶТ ва хонаҳои иҷора, ки ҳамчун мулоқотгоҳи махфи аз ҷониби Али Ризо Чеҳраолам, ҳамкоронаш Аббос Каримӣ (соли таваллудаш 1969, зодаи шаҳри Теҳрон) ва Озимӣ истифода мешуданд, бо онҳо вохўри мегузарониданд ва дастуру супоришҳои мушаххасро, аз ҷумла дар хусуси аз байн бурдани шахсони зарури, ба онҳо медоданд. Аз овардани суроѓаи ин хонаҳо худдори мекунам, зеро дар ҳолати имрўза дар онҳо шахсоне зиндаги мекунанд, ки бо ин ҳодисаҳо аслан иртиботе надоранд.

Тибқи шоҳидии номбаршудагон, корманди Сафорати Эрон Али Ризо Чеҳраолам дертар ба Абдуҳалим Назарзода як дастгоҳи алоқаро додааст ва аксар вақт онҳо ба воситаи он тамос мегирифтанд.

Маълум аст, ақлу фаросати террористон, ки сад дар сад аз ҷавонони тоҷик интихоб мешуданд, барои интихоби ҳадафи террор намерасид. Ном, насаб, нишона, масири ҳаракат, рақами мошин, аломатҳои фарқкунандаи ононро Али Ризо Чеҳраолам ва ҳамкорони ў медоданд. Ҳадафро ба «кофири» ва «зидди ислом» будан туҳмат мекарданд. Қотилро ба амали террористи рўҳан омода месохтанд. Албатта, ҳар куштор нарх ҳам дошт. Террорист ҳатто намедонист, ки ин шахсият барои Ватан, миллат чи хизмате кардааст.

Тибқи маводи яке аз парвандаҳои ҷинояти, роҳбарону фаъолони ҲНИ бо мақсади мусоидат ба фаъолияти душманонаи хадамоти махсуси ҶИЭ ва паст намудани нуфузи сиёсии давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилали, инчунин ҷиҳати ноором сохтани вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барангехтани низои милли ва ба фирор маҷбур кардани намояндагони дигар миллатҳо, аз ҷумла русзабонҳо, ҳамзамон барои ба қатл расонидани хизматчиёни ҳарбии миллаташон рус, иқдом намуданд. Аз ҷумла:

Ниёзбоқиев Ё.

27-уми октябри соли 1994 дар ҳудуди техникуми Осиёи Миёна дар шаҳри Чкаловск (ҳозира Бўстон), бо истифода аз силоҳи оташфишон, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии №28095-и ВМ ҶТ капитан Бобохонов И.С. ва лейтенанти калон Садриддинов А.А. аз ҷониби гурўҳи Ниёзбоқиев  Ёқуб (лақабаш «Алиакбар») ба қатл расонида шуданд. Ба гурўҳи номбурда Тошев Наим («Саҷҷод»), Шарипов Саид («Саттор»), Файзиев Ѓайбулло («Рауф»), Комилов Ҷамил («Саид») шомил буданд. Аз ҷониби ҳамин гурўҳ 10-уми майи соли 1995, дар даромадгоҳи ҳуҷраи 33, хонаи 25-и маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Исоев Казбек Максимович ва ҳамсараш Давлатова Н. кушта шуда буданд. Куштори хизматчии ҳарбии Федератсияи Россия Пивнов А.М., ҳамсараш Архипова ва шаҳрванд Сергиенко 17-уми майи соли 1995 дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 18, хонаи 18, ҳуҷраи 3 (баъд аз паррондан сарашонро аз тан ҷудо карда болои миз гузошта буданд) кори дасти ҳамин гурўҳ буд. Инчунин, худи ҳамон шаб, аъзоёни гурўҳи дар боло зикргардида ба хонаи  афсари Комиссариати ҳарбии вилояти Суѓд Исаев К.А. (русзабон), воқеъ дар ш. Хуҷанд, маҳаллаи 13, бинои 25, хонаи 33 ворид шуда, ў ва ҳамсараш Давлатова Н. (русзабон)-ро бо истифода аз таппончаи «Макаров», дар ҳузури фарзандони ноболиѓашон Исаев Далери 9-сола ва Исаев Георгии 6-сола, бо бераҳмии махсус ба қатл расониданд. Аксари дастгиршудагон нисбат ба Ниёзбоқиев Ё. ҳамчун ташкилкунанда ва дар бораи Али Ризо Чеҳраолами ҳамчун супоришдиҳанда нишондод доданд.

Қузратов С.

Кушторҳои полковники ВМ ФР Шкипкин Ю.В. дар таърихи 1-уми июни соли 1994 дар кўчаи Ѓафуров, хонаи 6/1,  хизматчиёни ҳарби Христофоров С.Е., Захаров А., Кленова Ф. ва Анишук дар таърихи 2-юми июни соли 1994 дар кўчаи Маяковский, хонаи 2, ҳуҷраи 32 аз ҷониби Қузратов Саймуҳриддин («Зайналобиддин») ва се нафар ҳамдастони ў иҷро гардида буданд. 5-уми августи соли 1994 аз ҷониби ҳамин гурўҳ дар анбори сўзишвории қисми ҳарбии 2445-и қушунҳои сарҳадии ФР таркиш ба амал оварда шуд. Натиҷаи ташхиси баллистикии гилзаҳои дар ҷои ҳодисаҳои мазкур гирифташуда нишон дод, ки ин ҷиноятҳо, ҳамчунин кушторҳои Директори телевизиони ҶТ Давлатали Раҳмонали дар таърихи 18-уми июли соли 1994 ва хизматчии ҳарбии ВМ ҶТ М. Назаров (2-юми феврали соли 1995) аз як силоҳ иҷро шудаанд. Боздоштшудагон аз Абдуҳалим Назарзода ҳамчун ташкилкунандаи ин кушторҳо ва аз Али Ризо Чеҳраолами чун супоришдиҳанда ном бурданд.

Дар рафти таҳқиқи ҷиноятҳои болои, инчунин бозрасии парвандаҳои куштори хабарнигорони ватанпарасту миллатдўст Хушбахт Ҳайдаршо, Муҳиддин Олимпур, хабарнигори ТВ «ОРТ» В. Никулин ва дигарон роҳу равишҳои амали кардани актҳои террористи то андозае бароямон маълум шуд. Тавре дигар ҳамкоронамон дар рафти ошкоркуни, баррасию таҳқиқи ҷиноятҳо вобаста ба амалҳои террористи нисбат ба шахсиятҳои муътабаре мисли Муҳаммад Осими, Минҳоҷ Ѓуломов, Юсуф Исҳоқи, Сафарали Кенҷаев, Карим Юлдошев, Сайф Раҳими Афарди ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик маълумот гирифтанд, равиши содир намудани ҷиноятҳо шабеҳи якдигар аст ва собит мекунад, ки қотилон аксаран дастпарварони таълимгоҳҳои дар боло  зикргардидаи ҶИЭ-анд.

Барои тасдиқи гуфтаҳоям чанд мисоли мушаххасе, бо зикри далелҳои раднашаванда аз парвандаҳои ҷинояти манзури хонанда мегардонам:

Пираков Д.

Моҳҳои охири соли 1996, зергурўҳи иттиҳоди ҷиноятии ҲНИ зери роҳбарии Пираков Диловар Шоҳович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, аз Назарзода Абдуҳалим супориш гирифт, ки нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия дар қаламрави ҷумҳури амали террористи содир намояд.

Пираков Д.Ш. бо ҳамдастии Абдуллоев Абдуқодир Гурезович ва дигар аъзоёни гурўҳ давоми моҳҳои сентябр-октябри соли 1996 масири ҳаракати автомашинаҳои хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2421-и Гурўҳи Қўшунҳои Сарҳадии ФР дар ҶТ-ро пайгири ва омўхтанд.

22 ноябри соли 1996, тахминан соатҳои 17:50 дақиқа, қатори автомашинаҳо, иборат аз як адад автобуси тамѓаи ПАЗ-672» (қайди давлатиаш 22-31 ХА) бо афсарони қисми низомии зикршуда ва  ду адад автомашинаи тамѓаи «Зил 131», аз самти гардиши кўчаи Маяковский ба тарафи кўчаи Ломоносови шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд. Дар ин маврид, аъзоёни гурўҳи мусаллаҳи ҲНИ ҷониби қатори автомашинаҳо норинҷак партофта, дар як вақт аз автомати Калашников ва гранатомёт тир парронданд. Дар натиҷа, ронандаи автобус Снежков В.П. ҳалок ва  хизматчии ҳарби Мухамеджанов О.М. ҷароҳати вазнин бардошт.

Аввалҳои моҳи марти соли 1996 Юнусов Нозим Юсупович (лақаби ҷиноятиаш «Эшони Нозим») амри роҳбарияти ҲНИ-ро ба аъзоёни дастаи ҷиноятиаш Тоҳиров А.К., Ҳамидов М.М., Давлатов Н.Б. ва Шоев Х.Т. мерасонад. Муҳтавои амр он буд, ки  барои паст задани нуфузи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналхалқи, бояд ҳарчи бештар шаҳрвандони хориҷи кушта шаванд. Ин боиси он мегардад, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии ноорому бесубот муаррифи шуда, аз ҷониби давлатҳои хориҷи дастгири намеёбад.

Бо ҳамин мақсад Юнусов Н.Ю. ва аъзои гурўҳаш дар хусуси куштори мухбири махсуси телевизиони ҷамъиятии Россия (ОРТ) дар Тоҷикистон Никулин Виктор Михайлович машварат мекунанд. Дар давоми моҳи марти соли 1996 ҷои кор, реҷаи кори ва дигар ҳолатҳоро вобаста ба фаъолияти Никулин В.М. муайян карданд.

28 марти соли 1996 аъзоёни гурўҳ бо автомашинаи тамѓаи ВАЗ-2101, рақами қайди давлатиаш П 00-16 ДБ ба назди дафтари кории Никулин В.М., воқеъ дар кўчаи И.Сомони, хонаи 72/1 омада, дар дохили бинои хизматии телевизиони ҷамъиятии Россия дар шаҳри Душанбе, бо истифода аз таппончаи тамѓаи «Макаров» Никулин В.М.-ро ба қатл расониданд.

 

Гурўҳҳои мазкур аз ҷониби хадамоти махсуси Эрон ва роҳбарияти ҲНИ вазифадор шуда буданд, ки барои аз байн бурдани қудрати зеҳнии миллати тоҷик ва фароҳам сохтани заминаи густариши ақидаҳои ифроти амалҳои террористи анҷом диҳанд. Аз ҷумла, муаллимон, кормандони мақомоти давлати, олимон, шоирон, рўзноманигорон, шахсиятҳои маъруф ва умуман зиёиёни тоҷикро, ки идеяҳои иртиҷоиро маҳкум намуда, аз нигоҳи ҷаҳонбинии илми барои пешрафти ҷомеаи муосир талош меварзиданд, нобуд созанд.

Осимӣ М.

Моҳи июли соли 1996  бо супориши робарияти наҳзат ва хадамоти махсуси ҶИЭ яке аз сарварони зергурўҳи иттиҳоди ҷиноятии ТТЭ ҲНИ Нуралиев Элмурод Ҳоҷиевич (соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Шапкин, бинои 86, хонаи 15), бо аъзои гурўҳаш Саидов Амрулло Раҳматуллоевич (соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Рўдаки, деҳаи Роҳати),  дар назди Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рўдаки вохўрда, амали террористиро нисбат ба ходими намоёни ҷамъияти, олими шинохта, Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд», академик Муҳаммадҷон Осимиро тарҳрези карданд. 29 июли соли 1996, тахминан соати 08.40 дақиқа дар дохили долони мактаби миёнаи №7-и шаҳри Душанбе, гурўҳи номбурда бо истифода аз таппончаи «Макаров» М.Осимиро ба қатл расониданд. Нуралиев Э.Ҳ. ва Саидов А.Р. ҳангоми гузаронидани амалиёти сохторҳои қудратии ҶТ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рўдаки, ҷиҳати боздошти дастаи террористии ҲНИ таҳти роҳбарии Муаккалов Мансур, муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд, ки дар натиҷа нобуд карда шуданд.

Аз рўи нишондоди айбдоршаванда Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Норак, гурўҳи дигари мусаллаҳи ҲНИ бо роҳбарии Пираков Диловар Шоҳович, соли таваллудаш 1969, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, барои ба амал баровардани куштори профессор Исҳоқи Юсуф Баширхонович (ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино) ва профессори ҳамин донишгоҳ Fyломов Минҳоҷ Ѓуломович, аз тарафи роҳбарияти ҲНИ ва намояндагони хадамоти махсуси ҶИЭ вазифадор шуданд.

Исњоќї Ю.

Пираков Ш.Д. ва аъзоёни гурўҳи ў 6 майи соли 1996, дар назди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бо истифода аз автомати тамѓаи “АК-74” Исҳоқи Ю.Б., Ѓуломов М.Ѓ. ва ронандаи онҳо Худяков Викторро ба қатл расониданд.

Абдуллоев А.Г.

Ашрафов Т.С.

Абдуллоев А.

Аъзоёни гурўҳи муташаккили ҷиноятии ТТЭ ҲНИ Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, Ашрафов Таѓоймурод Сироҷович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Нуробод, деҳаи Сичароѓ, Кузов Мирзораҳим Каримович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Б.Ѓафуров, бинои 6, хонаи 10, аввалҳои соли 1998 бо супориши Назарзода Абдуҳалим дар хонаи истиқоматии Пираков Диловар Шоҳович ҷамъ омаданд. Ба гурўҳ супориши роҳбарони ҲНИ-ро дар бораи ба қатл расонидани вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷаев С., расонид.

Кузов М.К.

Номбурдагон нақшаи кушторро тарҳрези намуда, аз аввалҳои соли 1998 то моҳи марти соли 1999 ҷои зист, кор ва дигар ҷойҳои буду боши Кенҷаев С.-ро мавриди омўзиш қарор дода, барои ба қатл расонидани ў фурсати муносибро ҷустуҷўй мекарданд. Бо ҳамин мақсад, Пираков Д.Ш. аз Назарзода А. силоҳи оташфишони тамѓаи «АК-47», силсилаи АП №3274 ва таппончаҳои тамѓаи «Макаров»-ро гирифта, ѓайриқонуни дар хонаи истиқоматиаш нигоҳ медошт.

Кенҷаев С.

30 марти соли 1999, тахминан соати 17.30 дақиқа Кенҷаев С. бо ҳамроҳии муҳофизонаш Комилов Ҷўрабек Ҳотамович ва Аслиддинов Саломиддин    Баҳриддинович    тавассути   автомашинаи   хизматиаш,

тамѓаи  ВАЗ 3102, рақами қайди давлатиаш 109 РТ таҳти идораи ронанда Холов Абдурозиқ Холиқович ба суроѓаи шаҳри Душанбе, кўчаи Б.Ѓафуров, бинои 32 омад. Баъди ворид шудани Кенҷаев С. ва муҳофизонаш ба даромадгоҳи якуми бино, гурўҳи мусаллаҳи номбурда, ки қаблан дар ошёнаи 2-юм камин гирифта буданд, аз боло истода ба ҷониби Кенҷаев С. ва муҳофизонаш оташ кушоданд. Дар натиҷа Кенҷаев С., Комилов Ҷ.Е. ва Насриддинов С.Б. ҷароҳатҳои зиёд гирифта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ашрафов Т.С.

Моҳи декабри соли 1995, шаҳрванд Юнусов Нозим Юсупович (лақаби ҷиноятиаш «Эшони Нозим») аз роҳбарияти ҲНИ дастур мегирад, ки бояд мудири бахши форсии радиои Би-Би-Си дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзноманигор ва аккоси маъруф Муҳиддин Олимпурро ба қатл расонад. Дар он рўзҳо куштани М.Олимпурро, ки дар расонаи хориҷи фаъолият дошт, бар дўши мақомот бор кардан осон буд. Тарҳрезон ва

М.Олимпур

иҷрокунандагони ин амали террористи гумон надоштанд, ки мақомоти тафтишоти хеле зуд мўйро аз хамир ҷудо мекунанд.

М.Олимпур

Дар раванди таҳқиқи ҷиноят ошкор шуд, ки мувофиқи супориши Юнусов Н.Ю. аъзоёни дастаи ў Тоҳиров Аҳтам Кабирович, Ҳамидов Муртазо Муҳаммадиевич, Шарипов Насрулло Нарзуллоевич ва Давлатов Назрибек Бегназарович суроѓаи макони зист ва ҷои кор, масиру самтҳои ҳаракати М. Олимпурро меомўзанд. 12 декабри соли 1995, соатҳои 17-17:30 дақиқа М. Олимпур дар истгоҳи бозори «Баракат» интизори нақлиёт буд. Дар ҳамин вақт аъзоёни зикргардидаи гурўҳ бо автомашинаи тамѓаи ВАЗ-2101, рақами давлатиаш П 00-16 ДБ ҳамчун кироякаш М. Олимпурро аз истгоҳ гирифта, ҷониби бинои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мераванд. Дар роҳ Шарипов Н.Н., ки дар паҳлўи М.Олимпур менишаст, бо таппончаи тамѓаи «Макаров» як тир ба рўй ва як тири дигар ба қафаси синаи М. Олимпур мепарронад, ки дар натиҷа охирин ҳалок мегардад. Сипас, ҷасади рўзноманигорро дар соҳили дарёи Душанбе партофта, ѓайб мезананд.

Мақсаду ҳадафи ин кушторҳо як буд. Зарба задан ба қудрати интелектуалии миллат, тарсонидани аҳли зиё, бедор кардани ҳисси нобовари, норозиги дар қалби сокинон ва ба ин васила заиф нишон додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар таъмини амнияти мардум. Ҳамзамон, ҷудоиандози, ангехтани зиддият, низоъ байни маҳалҳо, минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон.

Он чи аз ҷониби банда қайд шуд, танҳо ва танҳо дар бораи ҷинояту ҳодисаҳое иброз гардид, ки худам дар таҳқиқу ошкор намудани онҳо иштирок доштам. Аз ҷониби дигар, ҳамаи ин дар парвандаҳои ҷинояти бо далелҳои собитшуда, ҷадвалҳои вақт, замон, макон ва тарзу усули анҷом додани амалҳои террористи нишон дода шудааст. Хулосаҳои коршиноси, санҷишу ташхисоти баллистики раднопазирии фактҳои исботшударо пурра таъмин намудаанд. Касе агар худро ба кариву кўри ва нофаҳмии мақсадноку ѓаразнок занад, марҳамат, ҳоло ин парвандаҳо бо далелҳои мушаххас, дақиқ, аниқ, иштироки шахсони холиси тасдиқкунанда дар бойгонии судҳо ба пурраги нигоҳ дошта мешаванд. Баръакс, оне ки худро ба гунгиву нодони мезанад, далелҳоро зери шубҳа мегузорад, як далеле ҳам дар муқобил оварда наметавонад.

Мутаассифона, баъди таҳқиқу кушода шудани ин амалҳои террористи, дар робита бо дастдории хадамоти махсуси Эрон бо ин ҷиноятҳо ягон сухан гуфта нашуд. Сабабаш тавре гуфтем, риояи одоби давлатдори ва назокатҳои равобити дипломати буд. Дар сатҳҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ба ҳамкорони эрони расонида мешуд, ки аз ҳама кору кирдорашон огоҳем. Вале тавре раванди воқеаҳои минбаъда, аз ҷумла ҳодисаҳои сентябри соли 2015 нишон дод, онҳо аз аз мақсадҳои худ даст накашидаанд. Ба замми ин, баъзе намояндагони доираҳои расмии ҶИЭ ба ҳимояи ҲНИ бархоста, террористи ва мамнуъ эълон шудани фаъолияти ин ташкилотро аз ҷониби Суди Олии ҶТ беасос хонданд. То ҳол таъкид мекунанд, ки «Ҷомҳурийе Тоҷикестон нисбат бе ҷенояткор будани ҲНИТ йек далил ҳам надоре», ё «Алораѓме иттиҳомоти ҷонибе тоҷики несбати ҲНИТ, ѓейр аз Тоҷикестон, йек кешвар ҳам ин созмонро терруристи эътироф накарде».

Ин дар ҳолест, ки давлатҳои шомили Созмони минтақавии зидди террористии СҲШ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи ҲНИ-ро террористи ва экстремисти эътироф карданд. Маълумот дар бораи ТТЭ ҲНИ, дар баробари «ДИИШ», «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо, таҳти №79 ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористи ва экстремисти, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирѓизистон, Россия, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо 3,3 миллиард аҳоли, яъне фарогири қариб нисфи аҳолии сайёра (аз 7,6 миллиард) манъ аст, шомил карда шудааст. Ба андешаи банда, кишварҳои аъзои созмонҳои зикргардида низ бояд бетарафиро ихтиёр накарда, мавқеъгирии ҶИЭ-ро вобаста ба пуштибонии, ташкилотҳои террористи, бахусус ТТЭ ҲНИ, маҳкум намоянд. Илова бар ин, тамоми ҷомеаи кишвар барои ба шикоят бурдан Суди байналмиллалии СММ нисбат ба ҶИЭ, ки дар куштори даҳҳо шахсиятҳои маъруфи мардуми тоҷик даст дорад, садо баланд намоянд.

Зеро ҶИЭ имрўз ҳам аз ниятҳои худ пас гаштани нест. Боиси ҳазор афсўс аст, ки ташкилот ва ашхоси дар амалҳои террористии зикргардида дастдошта, мисли пештара дар канораш боқи мондаанд. Тариқи расонаҳои иттилоотӣ бароям маълум шуд, ки чун кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар моҳи сентябри соли 2015 ягон натиҷа надод, хадамоти махсуси ҶИЭ ба таҷрибаи собиқи худ рӯ оварданд. Омодагии ҷангӣ гирифтани аъзои ТТЭ ҲНИ дар таълимгоҳҳои ин кишвар идома дорад. Ҷузъиёти онро собиқ таъсисдиҳандагони ҲНИ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Сатторов Айёмиддин дар филмҳои мустанади «Решаҳои ноаён» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» бо далелҳои кофӣ иброз доштанд, ки ҳоҷати такрор нест.

Яъне кирдорҳоеро, ки чандин дафъа дар муқобили миллати тоҷик раво диданд, мехоҳанд такрор созанд. Гарчанде огоҳанд, ки мо аз ҳама амалкардҳояшон бохабарем. Ҳайрати ман дар он аст, ки ин ҳама бадӣ  дар муқобили Тоҷикистону миллати тоҷик ба хотири чист?

Полковники мустаъфии ВКД ҶТ

Назаров Қурбонали

 

Аз нашрия:

Полковники мустаъфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Қурбонали, дар сохтори мақомоти корҳои дохили аз соли 1971 то соли 2006  хизмат кардааст. Соли 1974 омўзишгоҳи техники-зиддисўхтории ВКД ИҶШС-ро дар шаҳри Свердловск ва соли 1987 Мактаби олии ВКД ИҶШС-ро дар шаҳри Тошканд, бо ихтисоси ҳуқуқшинос, бо дипломи дараҷаи аъло хатм намудааст. Аз вазифаи корманди фаври то сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Хизматҳои содиқонаи ў ба Ватану миллати худ, бо зиёда аз 10 ордену медали давлати қадрдони шудаанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж», №49 (679) аз 04.12.2019

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз105
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта507
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта612
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6347
mod_vvisit_counterҲамин моҳ16090
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ453147