Бобоҷон Ғафуров: КОНФЕРЕНСИЯИ ХХХIII КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ

Дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов Конференсияи ХХХIII ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки вакилон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид. 

Дар Конференсия, ҳамчунин, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавлудахон Мирзозода, муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Фаррух Орифӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Амирҷон Анварзода иштирок доштанд.

 Вакилони Конференсия рӯзномаи кориро тасдиқ карданд. Он  масъалаҳои  зеринро дар дар мегирифт: Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давраи ҳисоботӣ, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҳисоботи Кумитаи иҷроияи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода доир ба фаъолияти дуюнимсолаи (аз 01.11.2019 то 01.07.2022-юм) бурду бохт, пешравию камбудӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани ҳизбиёни ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, омӯзишу тарбияи сиёсии шаҳрвандон махсусан, ҷавонон, ба аҳолӣ расонидани муҳиммият ва афзалияти арзишҳои сохти конститутсионӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳизбӣ, инчунин, пешгирӣ аз ангезаҳои номатлуби ҷомеа, ҳаракатҳои тундгаро ва созмонҳои террористӣ ва дигар масъалаи муҳим ҳисобот дод.

-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кўшиш ба харҷ дода, аз оғози соҳибистиқлолӣ ҷонибдори ягонагии халқ ва якпорчагии Ватан мебошад, - гуфт маърӯъзачӣ. -    Тарзи дурусти корбарӣ ва ислоҳоти ҳизбии чанд соли охир  имкон доданд, ки мо ба халқ боз ҳам наздиктар гардем ва дар ҳалли мушкилоти мардум то қадри имкон мусоидат намоем.

     Зикр намудан бамаврид аст, ки тўли 28 соли фаъолияташ ҲХДТ собит намуд, ки ҳизби комилан мардумист ва ҳамеша ғамшарику шодишарики боэътимоди халқ аст. Зина ба зина дар амал татбиқ шудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб имконият дод, ки сафи аъзо ва пайравони он тадриҷан афзояд.

    Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давраи ҳисоботӣ бо ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, тарғиби сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ (муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакат барои солҳои 2020-2025), қарорҳои маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Анҷумани 14-уми ҲХДТ, нақшаи чорабиниҳои Конференсияи 13- уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба роҳ мондааст, - зикр дошт, - Амирҷон Анварзода.

Раиси комиссияи тафтишотии Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафар Латифзода дар бораи фаъолият комиссия дар давраи ҳисоботӣ сухан кард.

  Вакилони конференсия Ӯғулой Қосидова - сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуҷанд”, Рустам Каримзода - вакили конференсия ва Маъруф Акбарзода - роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ба муҳокимаи маърӯза иштирок карда, ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми 2,5 соли ҳисоботӣ қаноатбахш баҳо доданд.  

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода доир ба фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, нуфузи ташкилотҳои ибтидоӣ, робитаи мустаҳками раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо кумитаи иҷроия, фаъолияти вакилон вобаста ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, дар бораи узвият ба ҳизб, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мавқеи сиёсии аъзои ҳизб, вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён намуд.

Инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавлудахон Мирзозода, муовини аввали раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   Фаррух Орифӣ бобати саҳми аъзои ҲХДТ дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиби сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, саҳми ҳизбиёнро дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия назаррас ҳисобид.

Сипас, баррасии масъалаи сеюми рӯзнома ннтихоби ҳайати нави  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ гардид.  Ба салоҳияти вакилони конференсия пешниҳод карда шуд, ки ҳайати нави кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз 35 нафар интихоб карда шавад. Ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҳизб мувофиқи рӯйхат ба таври овоздиҳии кушод интихоб гардид.

 Вакилони конфренсия ҳамчунин аъзои комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ҳайати 5 нафар интихоб карданд.  Оид ба масъалаи мазкур қарор қабул карда шуд.

Вобаста ба масъалаи панҷуми рўзномаи Конференсия интихоби   вакилон ба Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сурат гирифт.  Мувофиқи меъёр 55 нафар номзад ба Конференсияи навбатии ҳисоботию интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд  вакил интихоб карда шуд.

  Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, ду масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод:

  1. Интихоби Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
  2. Интихоби Раис ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Тибқи банди 4.13 Оинномаи ҳизб Раёсати Кумитаи иҷроия иборат аз 11 нафар пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзои кумитаи иҷроия интихоб гардиданд.

Мутобиқи банди 4.19  Оинномаи ҲХДТ  Раиси ҲХДТ номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаи раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамоянд. Дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Амирҷон Анварзода барои интихоб гардидан ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод ва аз ҷониби аъзои Раёсат интихоб гардид.

Асрор Латифзода - муовини Раиси ҲХДТ Амирҷон Анварзодаро бинобар интихоб шуданаш ба ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, дар корҳои оянда комёбӣ таманно намуд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои арзанда ва таҳкими худшиносии миллӣ, саҳм гузоштан дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб якчанд нафар ҳизбиён бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, медали ҷашнӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардида, ҳамзамон ба 15 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

 Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.