Ифтитоҳи майдонча барои наврасон

р Дар доираи таҷлили сазовори чорабиниҳои идона бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо мақсади татбиқи амалии сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абдурасул Абдуллоев майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонави баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Дар расмикушоди майдончаи варзишӣ муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Орифӣ Фаррух Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуда, қайд кард, ки: - ташаббуси халқ – сарчашмаи шукуфоии кишвар мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди соҳибкорӣ асоси тараққиёти устувори иқтисодиёт буда, ба ҷараёни инноватсионӣ ва пешравии илмиву техникӣ суръат мебахшад. Дастгирии соҳибкорӣ ва рушди он ҷузъӣ таркибии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфтааст.

Иншооти мазкур имконият фароҳам меорад, ки ҷавонону наврасон ба варзиш ва машқу тамрин машғул гардида, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани онҳо, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб нақши муассир мегузорад.

Барои чунин ташаббус ва ободкорӣ аз номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳтарам Зафарбек Давлатзода ба соҳибкор Абдурасул Абдуллоев ва кулли шахсоне, ки ин амали созандаро дастгирӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.