Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

19 марти соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзид.

Раиси вилоят ба деҳаи Мусаффои ҷамоати мазкур ташриф оварда, сокинони ноҳияро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои мардумӣ эҳё гардида, мероси муқаддаси гузаштагон ҳифз гардид. Имрӯз Наврӯз мақомои байналмилалиро соҳиб шуда, мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми кишварҳои гуногун аз фитрати офарандагии ин падидаи куҳани башарӣ огоҳ гарданд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки соли ҷорӣ мардуми тоҷик 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар саросари вилоят, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садҳо иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз беш аз 1000 иншоот ба истифода дода шудааст, ки бешак барои беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ мусоидат менамояд.

Раиси вилоят бо намунаҳои маҳсули дастии ҳунармандони ҷамоату ноҳия ва дастовардҳои ҷомеаҳои меҳнатӣ шинос шуда, ба сокинон хушиҳои рӯзгорро таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ барои густариши корҳои ободонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.