vtem newsroll

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин

Нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони доираҳои соҳибкории ви...
vtem newsroll

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳр...
vtem newsroll

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои с...
vtem newsroll

Хабари Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабари Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Чӣ тавре, ки пештар хабар дода шуда буд, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 авг...

Рӯзи 12 июл дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдончаи варзишии “Сипар” мавриди истифода қарор гирифт, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон ва варзишгарони ноҳия иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба таъмини оммавияти варзиш,  ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Таъкид карда шуд, ки маҳз дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва барномаҳои соҳавии давлатӣ давоми нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун 11 майдончаи варзишӣ ва 1 корти теннис сохта ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишии “Сипар” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ворисхӯҷа Сулаймонов бунёд гардида, барои бозии фурболи хурд мутобиқ гардонида шудааст.

Хотирнишон бояд кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар ноҳия 222 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, 150 майдончаи варзишӣ, 61 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили фитнес-клубҳо фаъолият доранд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар ноҳия 25 мусобиқаи гуногуни варзишӣ бо ҷалби 783 варзишгар (90 бонувон) гузаронида шуд. Дар натиҷа аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дастаи мунтахаби ноҳия дар ҳайати 114 варзишгар муайян гардид ва варзишгарони ноҳия дар 17 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани 28 медали тилло, 15 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз498
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта542
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2602
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4007
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8128
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15535
mod_vvisit_counterҲамагӣ184678