vtem newsroll

Тамини аҳоли бо оби нӯшоки

Бо дастгирии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ба Ҷамоати шаҳраки Ғафуров барои таъмин намудани аҳоли бо оби тозаи нушоки, 3000 метр қубури ...
vtem newsroll

Ифтитоҳи майдончаи варзишии “Сипар” дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи 12 июл дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдончаи варзишии “Сипар” мавриди истифода қарор гирифт, ки дар марос...
vtem newsroll

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 км роҳ пурра мумфарш карда шуд

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз маросими оғози корҳои роҳсозӣ бо сокинони ҷамоат суҳбат намуда, оид ба корҳои ободониву созандагӣ, ки дар қа...
vtem newsroll

Маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 12 июли соли 2019, соати 09:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳо...

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз маросими оғози корҳои роҳсозӣ бо сокинони ҷамоат суҳбат намуда, оид ба корҳои ободониву созандагӣ, ки дар қаламрави вилоят ҷараён доранд, маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6500 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешаванд. Дар ин раванд ба таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, танҳо дар соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мумфаршкунии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст.

 

Илова бар ин, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд роҳи деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ мумфарш ва таъмиру тармим мегардад. Таъкид гардид, ки мумфаршсозии роҳи кӯчаҳои Шифокор ва 1-уми май маҳз бо саҳмгузории сокинону саховатмандон оғоз ёфта, дар маҷмуъ 1,6 км роҳи кӯчаҳои зикршуда мумфарш мегардад.

Раиси вилоят аз иқдоми созандаи сокинони ҷамоат истиқбол карда, иброз дошт, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз 12,4 км роҳҳои ноҳия пурра мумфарш карда шуд. Саҳмгузории сокинон дар ободонии роҳҳо бошад барои боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат мекунад.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмир ва мумфаршкунии 259,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 110,1 км роҳҳои ҳудуди ноҳия навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, 18 км мумфарш, 61 км таъмири ҷорӣ ва 31,1 км шағалпӯш карда шудааст.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз93
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1084
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1177
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3579
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12780
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта13165
mod_vvisit_counterҲамагӣ128790