Тибқи  дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷҷаббой Аҳмадзода, ҷиҳати оммавигардони, рушд ва ҷалби занону духтарон ба варзиш дар ноҳия, санаи 17 апрел мусобиқаи волейбол байни бонувони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлати барои дарёфти "Ҷом"- и Раиси ноҳия баргузор гардид.

Дар  он 5 даста: "Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти ғайридавлатӣ  "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров", “Омӯзгорони Муассисаи Тахсиорти ғайридавлатӣ  "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров", "Маориф", "ШКАТС" ва "Беморхона" ширкат варзиданд.

Бози ба таври системаи даврӣ гузаронида шуда,  дар натича "Ҷом" - и Раиси ноҳияро донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии  "Колеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров", сазовор гардид.

Дар маросими супоридани "Ҷом" - и Раиси ноҳия, муовини Раиси ноҳия Комилӣ Мастура Мухторзода иштирок ва суханрони намуда, зикр карданд, ки "Баргузории чунин чорабинихо барои оммавигардони ва рушди варзиш, инчунин ба ҷалби ҳар чи бештарӣ занону духтарон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд ва чунин иқдомҳо минбаьд низ бо вусьати баланд роҳандози хоҳад гашт".

Ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа бо медалу диплом ва тухфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз37
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта453
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1424
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2650
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7550
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта12945
mod_vvisit_counterҲамагӣ153507