Ҳамдиёрони азиз!
Санаи 24 ноябр дар тамоми қаламрави кишварамон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.Ин ид яке аз навгониҳои фараҳбахши муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, саҳми он дар болоравии ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон арзанда аст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр медоранд, рангҳои сурху сабз ва сафеди Парчами кишварамон рамзи ҳаёти ҷовидон, матонату шуҷоат, покию беғуборӣ ва файзу баракатро таҷассум менамояд. Маҳз рангҳои Парчам роҳамонро ба сӯйи ободиву шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мунаввар сохтааст.
Воқеан агар Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ эҳсос мешавад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз гузаштагон мерос мондааст. Дар сарчашмаҳои қадимтарини ориёнажод ин рамзи давлатдорӣ бо номҳои ливо, аълам, парчам, дирафш ёдоварӣ шудааст.
Мо тоҷикон, чун дигар халқҳо дар тӯли таърих соҳиби парчамҳои гуногун будем. Таърих гувоҳ аст, ки Парчам дар тамоми давраи давлатдории тоҷикон, алалхусус, дар замони давлати қадимаи тоҷикон – Сомониён таҷассуми давлатдории ин миллати қадим буд.
Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни масъалаҳои муҳимтарин Парчами давлатиро тасдиқ намуд.
Ҷоизи қайд аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
Ба хотири эҳтиромгузорӣ ба ин муқаддасоти давлату миллат ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2018-2020 дар Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов, Ғозиён ва Хистеварз дар сутунпояҳои 50-55 метр Парчами давлатӣ парафшон гардид, ки дар маросими расман ба истифода додани майдонҳои Парчами давлатӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд.
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳия чунин корҳои ободониву созандагӣ идома дода шуда, минбаъд низ барои поядангии муқаддасоти Тоҷикистони азиз тадбирҳои судманд амалӣ гардонида мешавад.
Парчам дар ҳақиқат таҷассуми рамзи давлатдорӣ, шукӯҳи миллӣ, нангу номуси ватандорист.
Бигузор Парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад ва тавре дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он мо саф кашида бошем ва дар сояи он мо мардуми шарафманди тоҷик, барои ояндаи неку ҷовидонии Ватани аҷдодии худ саъю талош намоем.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!

 

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз67
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта537
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта604
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5049
mod_vvisit_counterҲамин моҳ67
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта25607
mod_vvisit_counterҲамагӣ571801