Санаи 5 апрел, дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ бо донишҷӯёни ноҳия, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид.

Зимни мулоқот раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зикр намуд, ки «имрӯз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити таҳсил барои ҷавонон муҳайё гардидааст, то малакаву зеҳни ҷавонон барои пешрафт ва рушди мамлакат самаранок истифода шавад».

Ба таъкиди Зариф Назирӣ, айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз ин ноҳия 9975 нафар, аз ҷумла, 1155 нафар дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд. Ҳамзамон зикр гардид, ки аз 164 нафар донишҷӯе, ки аз ноҳияи Б. Ғафуров тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил намудаанд, дар айни ҳол 79 нафари онҳо баъди хатм дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пурмаҳсул фаъолият доранд.

Дар анҷоми мулоқот раиси ноҳия ба 220 нафар донишҷӯ аз ноҳияи мазкур кумаки молиявӣ расонид.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз78
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1084
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1162
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3579
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12765
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта13165
mod_vvisit_counterҲамагӣ128775