Дар доираи татбиқи қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи эълон гардидани 1300 рӯзи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҳашару шанбегиҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мунтазам ташкилу баргузор карда мешавад.
Корҳои ободонӣ ва ҳашари умумихалқӣ ин навбат бо иштироки зиёди сокинони касбу кори гуногун, масъулони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, аъзоёни фаъоли кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ҳудуди роҳҳои протоколии Ҷамоати деҳоти Д.Холматов баргузор карда шуд. Дар корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ наздик 1300 нафар ҳашарчиён иштирок намуда, 5500 адад дарахтони ҳамешабзи сӯзанбарг ва зиёда аз 10000 бех ниҳолҳои сафедор шинонида шуд.
Дар ин ҳашари умумихалқии ободонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ва раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазо иштирок намуданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз110
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта537
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта647
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5049
mod_vvisit_counterҲамин моҳ110
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта25607
mod_vvisit_counterҲамагӣ571844