Санаи 16 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  маҷлиси фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2018 доир гардид.

Дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акмалзода Носир Қодир , роҳбарони  воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ҷамъомадро ифтитоҳ намуд. Баъдан муовини аввали Раиси ноҳия Орифӣ Фаррух Абдуллозода дастовард ва натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2018 ба саъми ҳозирин расонид.

Раиси ноҳия Зариф Назирӣ аз мудирони шуъбаҳо, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва шахсони масъул оид ба натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву норасоӣ ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз68
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1084
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1152
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3579
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12755
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта13165
mod_vvisit_counterҲамагӣ128765